Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент
Душанбе, 18.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати созанда баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакентро ифтитоҳ намуд.
Маросими ифтитоҳи ин роҳи зебо дар сероҳагии Айнӣ — Панҷакент – Хуҷанд баргузор гардид.
Тавре зикр гардид, дарозии умумии роҳи мошингарди Айнӣ — Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид.
Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст.
Дар ин шоҳроҳ, ки самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд.
Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла аз як пуле, ки дарозиаш 129 метрро ташкил медиҳад ва дар доираи лоиҳаи сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент сохта шудааст, боздид ба амал овард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳсозони тоҷику чинӣ барои иҷрои хуби корҳои сохтмонӣ ба онҳо изҳори сипос карда, дар бораи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди роҳҳои таъиноти минтақавию байналмилалӣ, аҳамияти роҳҳо барои пешрафти соҳаҳо ва рушди иқтисодиёт андешаронӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди роҳҳои ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳониро ба роҳ мондааст, ки аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






