Ифтитоҳи зеристгоҳи “Ваҳдат” дар шаҳри Хуҷанд
Душанбе, 20.10.2015.(АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Хуҷанд дар идомаи сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи “Ваҳдат” — ро ифтитоҳ намуд.
Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки зеристгоҳи барқии «Ваҳдат» бузургтарин иншооти нави энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Хуҷанд аст.
Тавре зикр гардид, зеристгоҳи нави барқии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоии мададрасон- Бонки навсозӣ ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст. Дар маҷмуъ барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозоии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудани 22 миллион евро пешбинӣ шудааст.
Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ «Ваҳдат» бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи «Паст намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд» бунёд ёфтааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ба ин ҷо технологияи беҳтарин аз Аврупо ворид карда шудааст, вале ҳамаи корҳои сохтмон ва васлу насби таҷҳизот пурра аз ҷониби ширкатҳо ва мтахассисони ватанӣ анҷом ёфтаанд. Ба кори босифати коргарони ширкатҳои сохтмонии ватанӣ Президенти мамлакат баҳои баланд дод.
Лоиҳаи мазкур барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим аст, зеро зеристгоҳҳои мавҷудаи шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият карда, дигар имкони бардошти шиддати талаботи истифодабарандагони барқро надоштанд. Дар маҷмуъ зеристгоҳи барқии нав то 25 фоизи шаҳри Хуҷандро бо барқи хушсифат таъмин менамояд. Изҳори бовар карда шуд, ки бо фаъол гардидани зеристгоҳи мазкур барқрасонӣ хеле беҳтар шуда, талафоти техникии нерӯи барқ коҳиш меёбад.
Ҳангоми суҳбат бо намояндагони созмонҳои молиявӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои саҳми муносибашон дар бунёди зеристгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки барои таҳкими ҳамкории судманд дар самти рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон имкониятҳо фаровонанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо коргарону мутахассисон таъкид дошт, ки ин зеристгоҳ солҳои сол ба мардуми шаҳр дар самти таъмини мунтазами барқ хизмат мерасонад.








16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад






