“Ҳифз-2015”-машқҳои муштараки амалиётии зиддитеррористӣ оғоз мешаванд
Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Аз 2-юм то 5-уми ноябри соли 2015 дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, бо ҷалби сохтору мақомоти давлативу қудратии гарнизони шаҳри Душанбе ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористии “Ҳифз-2015” бо тирпаронии ҷангӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷалб мешаванд.
Чорабинии мазкур бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ «Оид ба тасдиқ ва дар амал татбиқ намудани нақшаи мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ, таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҶТ доир гардида, он дар се марҳила дар пойгоҳи чанде аз қисмҳои ҳарбӣ ва дар панҷ машқгоҳи низомии мамлакат ба таври назариявию амалӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳар як ноҳия аз ҳисоби захираи эҳтиётии даъватшавандагон, шаҳрвандони дар қайди комиссариатҳои ҳарбибуда, техникаҳои хоҷагии халқ ва дигар лавозимоте, ки барои баргузории маҷмўи машқҳои амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ заруранд, истифода мешаванд. Илова бар ин, дар ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, чаҳор навоҳии пойтахт ва сардорони шуъбаҳои сохторҳои қудратии ин минтақаҳо ширкат намуда, онҳо ба машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, сафороиву қадамзанӣ, тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, тирпаронӣ аз аслиҳаи сабуки ҷангӣ, техникаҳои вазнини зиреҳпўш ва ба омўзиши дигар мавзуоте, ки тибқи нақшаи пешбинишуда ба ҷамъомади мазкур марбут мебошанд, ҷалб мешаванд. Дар маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикии зиддитеррористӣ баталйони тактикии қўшунҳои зудамал дар минтақаи Рашт, аслиҳаи мухталифи оташфишон, 10 авиатсияи ҷангӣ ва зиёда аз 100 техникаи зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ истифода мегарданд.
Ҳадафи баргузории маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ- ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқўъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зидди террористӣ дар шароити дашту саҳро ва кўҳистони ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад.
Дар ин бора сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






