Интиқоли мусофирон тавассути «Тоҷик Эйр» коҳиш ёфтааст
Душанбе, 08.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар зарфи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 2443 парвоз анҷом дода, наздики 240 ҳазор мусофирро интиқол додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85 фоизро ташкил дода, 42 ҳазору 100 нафар кам мебошад. Ин матлабро Икромҷон Мавлонов, муовини директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» оид ба тиҷорат зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ҷаласаи ҷамъбастӣ имрӯз дар Душанбе иброз дошт. Масъули ширкати «Тоҷик Эйр» омили асосии коҳиши ҳаҷми мусофиркашониро ба бӯҳрони молиявӣ ва риояи талаботи қонунгузории Русия оид ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди ин кишвар рабт дод.
Таъкид гардид, ки барои коҳиш додани хароҷот ва афзоиши даромаднокии ҶСК «Тоҷик Эйр» «Барномаи раҳоӣ аз бӯҳрони молиявӣ» таҳия гардида, таъмини устувори вазъи иқтисодӣ ва рушди ҶСК «Тоҷик Эйр» барои солҳои 2015-2016, ки аз Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат бармеояд, амалӣ мешавад.
Инчунин Икромҷон Мавлонов зикр намуд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» дар ин давра фаъолияти худро дар партави Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба роҳ монда тамоми имкониятро барои баланд бардоштани рақобатпазирии ширкат ва таъмини бехатарию мунтазамии парвозҳо равона намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






