Исфара: “Об — пайвандгари дӯстӣ”-фестивали муштарак
Исфара, 29.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷамоати деҳоти Лаккони шаҳри Исфара 24 октябри соли равон фестивали дӯстии сокинони маҳалҳои наздисарҳадии навоҳии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти унвони «Об- пайвандгари дӯстӣ» баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари хадамоти матбуоти мақомоти шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода хабар дод, дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти маҳаллии шаҳри Исфараву Ботканд, ҷомеаҳои сарҳадии ҷамоатҳои зерҳадафи лоиҳа, чун Лаккон, Кулканд, Чилгазӣ ва Навгилеми ш.Исфара ва деҳаи Қаробоғи ноҳияи Ботканд, хамчунин аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ, аъзои ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, кумитахои махаллии ду минтақа ва мактаббачагони синфҳои болоии мактабҳои назди сарҳад иштирок доштанд.
Ба иттилои манбаъ, мақсади фестивали дӯстӣ- ин пеш аз ҳама мустаҳкам намудани дӯстии ду халқ ва дар ин замина баланд бардоштани якдилии сокинони маҳаллаҳову деҳаҳои наздисарҳадии Бодканду Исфара ва ҳамчунин мусоидат намудан дар беҳтар намудани таъмин ба истифодаи бехатарии захираҳои обӣ ва паҳн намудани руҳияи таҳаммулпазирӣ дар байни ҷамоатҳо, истифодабарандагони об, кумитаҳои маҳал, насли наврас ва ҷавонони минтақа мебошад.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори ташкилоти маҳаллии дахлдор барои идораи самараноки захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо»-и Барномаи ҷонибдории инкишофи иқтисодии манотиқи кӯҳистони Фонди Оғохон, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Исфара ва Ботканд бо дастгирӣ ва маблағгузории Вазорати рушди Британияи Кабир амалӣ гардонида мешавад, баргузор гардид.
Масъулини ду ҷониб дар фестивали дӯстӣ иброз доштанд, ки лоиҳаи «Беҳтар намудани инфрасохтор ва баланд бардоштани иқтидори ташкилоти маҳаллии дахлдор баҳри идораи самараноки захираҳои обӣ ва чарогоҳҳо» дорои аҳамияти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ буда, дар сурати пурра амалӣ шудани он, яъне таъмиру барқарорсозии канали Чилгазӣ, на танҳо дастрасии истиқоматкунандагони минтақаҳои наздисарҳадӣ ба захираҳои обӣ осон мегардад, инчунин сатҳи обёрии беш аз 2650 гектар замини кишту боғоти мевадиҳанда беҳбудӣ ёфта, эҳтимолияти ба миён омадани низоъҳо аз барои об пурра аз байн меравад.
Раванди амалигашти чорабиниҳои дар лоиҳа пешбинишуда ва иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозии канали Чилгазӣ собит намуд, ки дар байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду ҷониб дар самти ба таври муштарак ва самаранок идораву истифодаи захираҳои обӣ аллакай ҳусни тафоҳум эҷод гардида, тоҷикону қирғизҳои ин мавзеъ хостори ҳамзистии осоишта ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ҳастанд.
Дар раванди баргузории фестивали мазкур ғайр аз барномаи зебои консертӣ, ки тараннумгари дӯстиву рафоқат ва рӯзгори осоишта буд, ҳамчунин намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзони Исфараву Ботканд ва мусобиқоти шавқовари варзишӣ, аз қабили вазнбардориву дастхобонӣ, бандкашиву волейбол байни дастаҳои навоҳии Исфараву Ботканд доир шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






