Истиқбол аз варзишгарони ғолиб дар ФБД
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш чанд варзишгари тоҷик, ки миёни онҳо варзишгари ҷавону умедбахш, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ Хуршед Маҷидов низ буд, пас аз иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Тайиланд ба Ватан баргаштанд. Варзишгаронро дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, воситаҳои ахбори омма ва хешу наздикон бошукӯҳ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (Cadet Asian Judo Chempionships) миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 8-11 октябр дар шаҳри Бангкоки Тайиланд баргузор шуд, бо ду медал- як тилло, як биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум дар байни 22 кишвари дунё мақоми 9-умро соҳиб гардид.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, пас аз ғолибӣ бар варзишгари эронӣ Алӣ Парҳезгар ва дар даври нимниҳоӣ бар намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Санҷар Ҷабборов дастболо шудан, дар даври ниҳоӣ бо варзишгар аз кишвари Кореяи Ҷанубӣ Ҳёнҳо Чой қувваозмоӣ намуда, Хуршед тавонист варзишгари кореягиро шикаст диҳад ва соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардад.
Дар ин мусобиқа бародари ӯ Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни 73 кг ҳунарнамоӣ намуда, мақоми панҷумро соҳиб гашт.
Ёдовар мешавем, ки Хуршед Маҷидов дар чандин мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ миёни наврасон аз рӯи намуди дзю-до баромад намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






