Истихроҷи ангишт ба 800 ҳазор тонна расонида шуд
Душанбе, 12.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаю уҳдадориҳо вобаста ба таъмин намудани МБГ Душанбе-2, аҳолӣ ва соҳаҳои маориф ва бо ангишт дастурҳои мушаххас медиҳад.
Истихроҷи ангишт аз аввали сол то имрӯз, 12 октябри соли ҷорӣ ба 800 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 185 ҳазор тонна зиёд мебошад. Фурӯши ангишт дар ин давра 698 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти вазорату идораҳои дахлдор, талаботи муассисаҳои буҷавӣ дар соли ҷорӣ 50377,6 тоннаро ташкил дода, то 6 октябри соли равон бо назардошти бақияи соли сипаригардида ба миқдори 45556,6 тонна ангишт захира шудааст. Аз ҷумла, соҳаи маориф — бо 35905,3 тонна, соҳаи тандурустӣ бо 5918,3 тонна ва сохторҳои қудратӣ бо 3733 тонна таъмин гардидаанд.
Ҳоло истихроҷи шабонарўзии ангишт ба ҳисоби миёна 4500-7500 тоннаро ташкил медиҳад, ки муштариён метавонанд онро аз нуқтаҳои махсуси фурўши ангишт ва анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт харид намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






