Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл»: Ҳукми одилонаи Суди Олиии кишварро ҷонибдорем

Октябрь 12, 2015 03:46

Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз номи иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») нисбат ба амалҳои террористӣ ва ифротгарои душманони миллату давлат, ки бо роҳи зӯроварӣ мехостанд сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тағйир дода, давлату Ҳукумати қонуниро ғасб намоянд, муроҷиатнома расидааст, ки дар он аз ҷумла, омадааст:
.-Мо, аъзои Кумитаи Марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл») ва иштирокчиёни ҷаласаи Кумитаи иҷроияи он амалҳои террористӣ ва экстремистии рўзҳои 4  16 сентябри соли равон аз ҷониби душманону бадхоҳони миллату давлат бо роҳбарию тарҳрезии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки мехостанд бо роҳи зўроварӣ ва ғариконститутсионӣ Ҳукумати қонуниро ғасб намоянд, якдилонаю комилан маҳкум менамоем. Мо нағз дарк намудем, ки қувваҳои мухолифи давлату миллат чаро бо роҳи хунрезию мусаллаҳона, бо ин роҳи ғайриинсонию разилона хостанд ҳадафҳои нопоки сиёсии худро амалӣ намоянд. Кӣ будану чӣ хостани онҳоро миллати бохираду  ба ваҳдат омадаи мо нағз фаҳмидааст, ки онҳо дасту дастнигари хоҷаҳои хориҷии худанд ва барояшон сулҳу суботи кишвар, ваҳдати миллӣ, рушду нумуи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нисбат ба манфиатҳои шахсияшон ҳеҷ арзише надоранд. Онҳо дарк накардаанд, ё нафаҳмида мондаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба ин гуна шахсон бовар намекунанл  ва он рўзҳои талху сангинро, ки бист сол қабл пешвоёни ҳамин душманони саркашу террорист оварда буданд, фаромўш нахоҳанд кард.
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.
Ин панди бузургон барҳақ баёнгари амалҳои душманонаи террористон нисбат ба халқу ватани мост. Вале, мутаассифона, дар шикасту сарнагун кардани душманони давлату миллат чандин фарзандони содиқу шуҷои Ватан ҷон нисор карданду маҷрӯҳ гардиданд. Мо хотираи поки шаҳидони Ватанро поку ҷовидон медонем.
Ҳамзамон 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон дар асоси аризаи Прокурори генералӣ дар бораи ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)  террористӣ эътироф намудани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, қатъ намудани фаъолияти ҳизб ва барҳам додани он, қатъ кардани нашри рўзномаи «Наҷот», бастани сомонаи (веб-сайти) расмии ҳизби номбурда ва манъ намудани воридот, паҳн намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шуданд. Ин ҳукми одилонаи Суди Олиии кишварро мо якдилона ҷонибдорем.
Бовар дорем, ки миллати шарифи Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвар, ваҳдати миллӣ, сохти конститутсионӣ, якпорчагии ватани аҷдодиамонро ҳадафу мақсади олии худ дониста, баҳри таҳкиму пойдории онҳо қувва, неру, зиракии сиёсӣ ва лозим шавад, ҷони азизи хешро нисор хоҳанд кард!
 
10.10.2015
шаҳри Душанбе

Октябрь 12, 2015 03:46

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад