Кишоварзони Хатлон пешсафи маъракаи пахтачинианд
Душанбе, 28.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта 398 ҳазору 220 тоннаро ташкил медиҳад ва мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ то 23 октябр дар ҷумҳурӣ дар як рўз ба миқдори 2876 тонна ва аз аввали мавсим 266 ҳазору 163 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 66,8 фоизи дурнамо мебошад. Дар ҷамъоварии ҳосили пахта 94992 нафар чинакчиён машғули кор мебошанд.
Кишоварзони вилояти Хатлон то 23 октябр ба миқдори 195 ҳазору 560 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробари 71 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилояти мазкур барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта 89 ҳазору 303 чинакчӣ сафарбар шудааст.
Кишоварзони вилояти Суғд низ муташаккилона машғули ҷамъоварии ҳосили пахта мебошанд, ки то 23 октябр ба миқдори 64 ҳазору 969 тонна ҳосили пахта ба даст овардаанд ва он 58 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Барои ҷамъоварии ҳосили беталафи пахта дар айни замон 3985 чинакчӣ машғули кор мебошанд.
Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ идома дошта, пахтакорони ин ноҳияҳо 5634 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 51,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта 1704 чинакчӣ сафарбар шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






