КМИР ба М. Достиев шаҳодатномаи вакилӣ супорид
Душанбе, 06.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 октябр аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Миралӣ Достиев мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, ӯро ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, ваколатҳояшро тасдиқ намуд ва ба ӯ Шаҳодатномаи вакилӣ супорид.
Бояд зикр кард, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар бинобар сабаби пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб шуда буд, тибқи моддаҳои 12,54 ва 57-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи додани мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки мувофиқи он мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рӯйхати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Миралӣ Достиев дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






