Коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ бо назардошти ҷинсият, синну сол ва маъюбият
Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» мизи мудаввар дар мавзӯи «Коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ бо назардошти ҷинсият, синн ва маъюбият» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва зерсохтори он дар шаҳри Кӯлоб, ташкилоти байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории мизи мудаввар густариши доираи ҳамкориҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ буд.
Зикр шуд, ки барои дар ҳолати омодабош қарор доштани занону ҷавондухтарон дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ гурӯҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби занону ҷавондухтарон ташкил шуда, байни аҳолии маҳаллаҳои осебпазир корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Дар мизи мудаввар миёни иштирокдорон саволу ҷавоб ба вуқӯъ пайваста, таклифу пешниҳодҳои судманд барои таҳияи заминаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ ба миён гузошта шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






