Конибодом: ифтитоҳи 6 коргоҳ аз оғози сол
Конибодом, 31.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Конибодом 6 коргоҳ ва сехҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд.
Тавре ки масъулин аз шуъбаи иқтисодии мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, коргоҳҳои мазкур асосан коргоҳҳои хурду миёна буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъсис ёфтаанд. Инҳо коргоҳи коркарди пахтаи «Доган», корхонаи дӯзандагии «Гулдаст», навбати аввали сехи коркарди шир, 2 коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ ба ҳисоб рафта, бо ба истифодадиҳии онҳо дар умум 147 ҷойи кор ташкил шуд.
Ҳамчунин дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли равон аз тарафи соҳибкорони шаҳр 14 иншооти гуногун, аз ҷумла хонаи истиқоматии бисёрошёна, бинои маъмурӣ, маркази муоинаи назорати техникӣ ба истифода дода шуданд
Дар умум аз оғози соли ҷорӣ дар шаҳр зиёда аз 50 коргоҳи калону миёна ва хурду инфиродӣ фаъол гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






