Корҳои сохтмонии пули мошингузари деҳаи Потов идома доранд

Октябрь 29, 2015 09:24

Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Корҳои   ободонӣ ду сол боз дар пули мошингузари деҳаи Потови ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ идома доранд. Оғоз шудани пули мазкурро сокинон соли 2010-ум аз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дархост карда буданд. Корҳои сохтмонӣ дар пули мошнгузар моҳи августи соли 2014-ум оғоз гардида, бо ҷудо шудани маблағ сохтмончиён тавонистанд пойдевори тарафи чапи пули мазкурро ба анҷом расонанд. Иловатан барои идома бахшидани вусъати кӯпруксозӣ соли 2015-ум боз 349 ҳазору 600 сомонӣ ҷудо гардида, корҳои пулсозӣ дар тарафи чапи соҳил анҷом ёфтанд. Имрӯзҳо техникаи зарурӣ ба кандани зерпояи сутуни дуюми он машғул аст. Ба  гуфти роҳсозон то имрӯз маблағҳои  ҷудошуда пурра масраф гардидаанд.  Тибқи лоиҳа барои ба истифода додани туҳфаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони ин рустои ноҳияи Ванҷ бояд 5 миллион сомонӣ ҷудо гардад.  Пулсозон то ба имрӯз аз маблағи пешбинишуда беш аз 812 ҳазор сомониро дар корҳои пулсозӣ харҷ кардаанд. Ҳоло бо кашонидани 720 метри кубӣ сангҳои калон атрофи пояҳои пӯли сохтамешударо мустаҳкам кардаанд. 
Сохтмони пули мошингузар дар болои рӯди Ванҷоб бо иқтидори 10 тонна ва дарозии 75 метр марҳила ба марҳила идома дорад. Масъулияти пулсозиро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафарӣ»-и ноҳияи Рӯдакӣ бар зимма дорад. То ба имрӯз бо истифода аз маблағҳои равонашуда, кормандон вусъати бунёдкориро дар кӯпрук идома мебахшанд.  

Октябрь 29, 2015 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд