Коргоҳи дӯзандагии шаҳри Хоруғ васеъ мешавад
Хоруғ, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Зиёда аз 30 ҳазор либоси тобистонаву зимистона барои ҳарбиён дар коргоҳи дӯзандагии шаҳри Хоруғ дӯхта шудааст. Коргоҳи мазкур аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Дар айни замон дар он 30 коргар фаъолият дорад. Соли сеюм аст, ки коргоҳ тибқи фармоиш барои ҳарбиён либос ва ҷиҳози хобро омода месозад. Ба иттилои манбаъ, имсол лоиҳаи васеъкунии ин коргоҳ ва табдили он ба корхонаи калонҳаҷм аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудааст. Шурӯъ аз оғози соли 2016 дар ин ҷо биноҳои иловагӣ, ки барои ошхона, утоқи истироҳат, анборҳо пешбинӣ шудаанд, сохта мешаванд. Ҳамчунин толори иловагии дӯзандагӣ сохта шуда, ҷойҳои нави кори таъсис дода мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






