Коршиносон: соҳибмулкон бояд барои ғалатҳои имлоӣ ҷарима супоранд
Душанбе, 03.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Бигзор соҳибмулкони ҳар кишвар номгузории мағозаву тарабхона, қаҳвахонаву сартарошхонаро бо забони модарии худ ба роҳ монанд. Ҳадафи мо танқид кардани чизе ё касе нест, ҳадафи мо аз байн бурдани камбудиҳо ва ғалатҳои имлоӣ дар лавҳаю овезаҳо мебошад»,- иброз дошт профессор Абдуғаффор Ҷӯраев, корманди Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ дирӯз зимни ҳамоише таҳти унвони «Симои лингвистии шаҳрҳо дар замони Истиқлол» бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ.
Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин таъкид гардид, ки соҳибмулкон бояд барои нуқсонҳои имлоӣ, ки дар номҳои муассисаҳои хусусӣ, овезаҳо, лавҳаҳо тарабхонаҳояшон ба назар мерасанд, ҷарима супоранд. Аз ҷумла, калимаи Ақиқа, ки аз ҷиҳати маъно ба талаботи забон ҷавобгӯй нест, аз ҷониби коршиносон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Cипас олимону забоншиносон Абдуғаффор Ҷӯраев, Олимҷон Хуҷамуродов, Ҷумъабой Азизқулов, Рӯзӣ Аҳмадов ва Додихудо Саймиддинов вобаста ба мавзӯъҳои гуногуни забон маърӯза карданд.
Ҳамоиши мазкур бо пешниҳоду таклифҳои иштирокдорон барои гиромидошт ва ҳифзу нигоҳдошти забони тоҷикӣ, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ҷамъбаст гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






