Корвони саломатӣ -таъмингари саломатии сокинон
Балҷувон, 24.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанд сол аст, ки бо икдоми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар корвони саломатӣ сафар намуда, сокинонро аз ташхису муоина мегузаронад. Чанде пеш чунин корвони саломатӣ дар ҳайати духтурони минтақаи Кӯлоб ба ҷамоати деҳоти дурдасти Сарихосори ноҳияи Балҷувон сафар намуд. Табибони ҳозиқ беш аз 100 нафарро бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ ташхис карданд. Ба табибон бештар занон ва шумораи зиёди кӯдакони бемор бо маризии пӯсту шамолхӯрӣ муроҷиат карданд. Ба иттилои кормандони Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб дар давоми се рӯз ин корвони тандурустӣ дар ҷамоати деҳоти Сарихосор зиёда аз 800 нафаррро муоина кард.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






