Курсҳои омӯзишӣ оид ба кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 19 то 30 октябри соли 2015 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор мегарданд. Курсҳо тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омода намудани кормандони мақомоти қудратӣ дар соҳаи муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2015 роҳандозӣ мешаванд.
Дар курсҳои мазкур 20 корманди агентӣ иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои рӯзмарра оид ба кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо дар соҳаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар» омӯзиш мегиранд.
Курсҳои омӯзишӣ аз тарафи устодони ботаҷрибаи Донишкадаи шимолу ғарби Хадамоти федеролӣ оид ба назорати муомилоти маводи нашъаовари Федератсияи Русия барои кормандони агентӣ гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






