Лафзи гуфтори дарӣ ширинтар аст
Кӯлоб, 6.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва иди касбии омӯзгорон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло зикр кард, ки забони тоҷикӣ ба қатори забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил гардида, дар Эрону Афғонистон, қисмати Ҳиндустону Покистон ва дигар мамолики Осиё маҳз бо забони ноби тоҷикӣ ҳарф мезананд. Дар мавриди забони тоҷикӣ, пос доштани он саромадони адабиёти форсу тоҷик суханҳои зиёде гуфта, онро аз шакар ширинтар хондаанд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи «Солори Аҷам»-ро пешкаши ҳозирин гардониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






