М. Мекан: «Портфели лоиҳаҳои КБМ дар Тоҷикистон 75 миллион $-ро ташкил медиҳад»
Душанбе, 14.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҳамкории мутақобилан судмандро бо Ҳукумати Тоҷикистон дар бахши иқтисоду сармоягузорӣ тақвият бахшида, дар зарфи даҳ соли охир захираҳои молиявӣ ва донишҳои техникии худро барои беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон равона кардааст.
Муаззам Мекан -директори минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ /КБМ/ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни суханронӣ дар ҳамоиши байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор», ки 14 октябр дар Душанбе доир гардид, гуфт, ки ҳамкории КБМ бо Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва рушди бахши кишоварзӣ мусоидат менамояд. Муаззам Мекан зикр кард, ки алҳол портфели лоиҳаҳои Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон наздики 75 миллион долларро ташкил медиҳад, ки тақрибан нисфи ин нишондодҳоро маблағгузорӣ ба бозори молиявӣ ишғол намуда, инчунин маблағгузорӣ ба бахшҳои телекоммуникатсия, хӯрокворӣ, савдои чакана ва соҳибкорӣ дар бахши кишоварзӣ -агробизнес равона гардидааст.
Муаззам Мекан -мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ доир ба фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар кишвари мо гуфт, ки мо рушди фарогир ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави кориро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоем. Мавсуф афзуд, ки Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ барои Тоҷикистон шарики боэътимод маҳсуб шуда, стратегияи амалкунандаи шарикии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонии (Word Bank Group Country Partnership Strategy) Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018 оид ба маблағгузориҳо ба бахши хусусӣ ва содирот, гузариш ба модели нави рушдро дастгирӣ менамояд.
Ҳамзамон Муаззам Мекан таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир барои таъмини рушди бахши хусусӣ ислоҳотро ба роҳ мондааст. Соддаю осон гардонидани қоидаҳои идорасозии тиҷорат, ҳимояи сармоягузорон ва тақвияти бозори молиявӣ аз ҳамин қабиланд. Таъкид шуд, ки ин беҳсозиҳо дар ҳисоботи «пешбурди соҳибкорӣ» (Doing Businnes), ки пешравиҳоро дар идоракунии тиҷорат дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, зикр шудаанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






