Мақсад — муттаҳидии ҷавонони минтақаҳои кишвар
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бештар аз 70 нафар гирандагони стипендияи президентӣ аз 68 шаҳру навоҳии мамлакат ба урдугоҳи омӯзишии «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода раҳсипор гардиданд.
Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мегӯяд: «Мақсад аз баргузории чунин урдугоҳ- ин ба ҳам овардани ҷавонон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонон мебошад».
Ёдовар мешавем, ки лагери омӯзиши дар урдугоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода 23 — юми октябр расман оғоз гардида то 26 – уми октябри соли равон идома меёбад..








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






