«Мактаби омӯзишии ҷавонони фаьол» дар «Ширкент»
Душанбе, 23.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар урдугоҳи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода маросими расмии кушодашавии Лагери ҷумҳуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаьол» доир гардид. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ва раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода иштирок ва суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсатиҲукумати мамлакат қарор дошта, баргузории чунин лагеру мактабҳои омӯзишӣ дар ин замина баргузор мешаванд. Ҳамзамон дар ин маросим аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ шуд. Лозим ба ёдоварист, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Лагери ҷумхуриявии «Мактаби омӯзишии ҷавонони фаьол»-ро бо ширкати 70 нафар намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ аз 68 шаҳру навоҳии кишвар, ки ҳама гирандагони стипендияи президентӣ мебошанд, ташкил намудааст. Лагери мазкур имрӯз расман оғоз ёфта, то 26 октябри соли равон идома меёбад. Дар доираи лагер курсҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои варзиши, фарҳангию фароғатӣ доир мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






