Мактаби президентӣ-туҳфа ба ҷашн
Душанбе, 19.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи ҷашни 3000-солагӣ дар ноҳияи Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ифтитоҳ гардид.
Муовини директори Мактаби президентӣ барои хоанандагони болаёқат дар ноҳияи Ҳисор Мушаррафа Шарифова иттилоъ дод, ки муассисаи мазкур аз 43 синфхона, 4 озмоишгоҳ, толори фарҳангӣ бо 300 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, ду китобхона, аз ҷумла китобхонаи электронӣ, ду хобгоҳи чорошёна, майдони варзишӣ, бинои нӯҳошёнаи дорои 36 ҳуҷра барои истиқомати омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Мо, омӯзгорон ва хонандагони ин даргоҳи бузурги илму донишу адаб хеде хуштолеъ ҳастем, ки дар ин ҷо илм меомӯзем ва фаъолияти пурсамар дорем. Ҳоло дар баробари хониши дарсҳои муқаррарӣ дар мактаб, омӯзиши дарсҳои иловагӣ ва маҳфилҳои шавқовар мунтазам доир мегарданд. Омодагии ҳамаҷонибаи хонандагон ба олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маром идома дорад. Шароите, ки имрӯз дар муассисаи мо мавҷуд аст, барои хубу аъло хондани ҳар як хонанда имконияти бисёр мусоидро муҳайё кардааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






