Маълумот дар бораи амалиёти зиддитеррористии артиши Сурия
Душанбе, 07.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Қувваҳои ҳарбии хавоии Сурия дар деҳаҳои Кобтан Ал — Ҷабал, Дарат Азза, Ар — Рашидин, Ҳрейтан ва Башкои музофоти Алеппо 180 нафар силоҳбадастони гурӯҳҳои террористиро нест намуданд.
Қувваҳои ҳарбии кайҳонии ФР якҷоя бо Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Арабии Сурия дар минтақаи Дайр — Ҳафир ба мавқеъҳои «Давлати исломӣ» пай дар пай зарба заданд, ки дар натиҷаи ин маркази террористии роҳбарони созмони мазкур нест гардид.
Воҳидҳои артиш дар деҳаҳои Кафкиф, Айн, Ал — Ҳанаш, Кверис, Ал — Ҷаберия, Ждейда, Арбит, Шарбаа ва дар канори академияи ҳарбии ҳавоӣ ба мавқеъҳои террористони ДИ зарба зада, якчанд техникаи ҳарбиро нест карданд.
Дар шимоли музофоти Латакия бар асари зарбаҳои ҳавопаймоҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Ҷумҳурии Арабии Сурия 12 нафар силоҳбадастон ба ҳалокат расида, автомобили дорои аслиҳаи калони тирандоз нест карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






