Манфред Лорентс: «Шефтаи забон, таърих ва фарҳанги тоҷиконам»
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шарқшиноси маъруфи олмонӣ профессор Манфред Лорентс дар чорабинӣ бахшида ба 3000-солагии Ҳисор, ки бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар шаҳри Берлин баргузор гардид, сухан гуфт. Ҷаноби Лорентс иброз дошт, ки Тоҷикистон кишвари таърихист ва ҳазорон бозёфтҳои қадимӣ аз фарҳангу тамаддуни волои халқи тоҷик шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон шарқшиноси маъруф аз сафари нахустини худ ба Тоҷикистон, ки соли 1957 ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар шуда, аз боздидаш ба қалъаи Ҳисор ба ҳозирин нақл намуд. Манфред Лорентс бо меҳри беандоза бо забони шевои тоҷикӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки ман шефтаи забон ва фарҳанги волои тоҷиконам. Профессор ба ҳозирин иттилоъ дод, ки дар айни замон ба навиштани хотираҳояш аз сафарҳо ба Тоҷикистон, дӯстию ҳамкориаш бо олимони тоҷик ва хотираҳояш аз меҳмоннавозии тоҷикон машғул аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






