Маорифчиёни Ҳамадонӣ ба зимистон омодагии пурра мегиранд
Ҳамадонӣ, 31.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони соҳаи маорифи ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ чун дигар ташкилоту корхонаҳо барои зимистонгузаронӣ омода гардидаанд. Ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳия то имрӯз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо ангишту ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт таъмин шуда, шишабандии синфхонаҳо ва утоқҳои фаннӣ пурра ба охир расонида шудааст. Дар Гимназияи давлатии ноҳия 310 хонанда таълим мегирад ва барои бомуваффақият паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистон тирезаҳои пешина бо тирезаҳои муосир иваз шудаанд. Хонандагону омӯзгорони литсеи давлатӣ низ дар фасли зимистон азият нахоҳанд кашид, зеро бинои муассиса навбунёд буда, бо низоми гармидиҳии буғӣ таъмин мебошад. Дар анбори муассиса миқдори зарурии ангишту ҳезум захира шудааст. Абдулҳафиз Мисралиев — директори литсеи давлатӣ гуфт, ки Муассисаи таълимии рақами 2-и ноҳия бо хатти тозаи барқ таъмин буда, барои ҳар як синфхона асбоби гармидиҳандаи барқӣ харид гардидаанд. Дар муассисаи мазкур шабакаи мустақили муосири гармидиҳанда сохта шудааст, ки он дар ҳолати зарурӣ метавонад биноро бо гармӣ таъмин намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






