Маросими кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги миллии Беларус дар Театри опера ва балет
Душанбе, 17.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо истиқболи гарму самимии намояндагони баландпояи Ҳукумати Тоҷикистону Беларус, сафирони кишварҳои хориҷӣ, сокинону меҳмонони пойтахт, аҳли зиё, санъаткорону ҳунармандон, донишҷӯёну ҷавонон Рӯзҳои фарҳанги миллии Беларус дар Тоҷикистон расман оғоз гардиданд. Ансамбли давлатии рақс ва суруди Беларус бо намоишномаи пурмӯҳтаво аз эҷодиёти шифоҳии мардуми Беларус ва санъати волои муосири он дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд. Ҳар як баромади меҳмонон, ки бо либосҳои миллӣ ва анъанаҳои халқи Беларус иҷро мешуданд, бо кафкӯбиҳои тамошобинон пазироӣ гардид.
Ҳамчунин дар ин шом намоиши аксҳо таҳти унвони «Беларуси муосир» аз хазинаи «БелТА» доир гардид, ки дар он дастовардҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Беларус дар давоми 20 соли охир бо муқоиса ба солҳои навадуми асри гузашта ба намоиш гузошта шуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки меҳмонон дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ бо барномаи консертии хеш ба шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ҳисор сафари ҳунарӣ анҷом диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






