Машваратҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкории молиявию техникӣ
Душанбе, 15.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 13-14 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкории молиявию техникӣ баргузор гардиданд.
Дар машваратҳо иҷрои бандҳои Протоколи ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон, ки моҳи октябри соли 2014 дар шаҳри Бонн ба имзо расида буд, баррасӣ гардида, масъалаҳои ҳамкории ҳарду кишвар дар давраи минбаъда ба хотири рушди устувор муҳокима гардиданд.
Ҷониби Олмон омодагии худро ҷиҳати минбаъд дастгирӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳот дар доираи «Стратегияи миллии миёнамуҳлати рушд дар давраи солҳои 2016-2022» иброз намуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон дар моҳи октябри 2014 Ҳукумати Олмон дар доираи “Барномаи ҳамкорӣ баҳри рушд” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи навбатӣ наздик ба 55 млн. евро кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ ҷудо намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






