Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Австрия
Душанбе, 13.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 12 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва Дабири кулли Вазорати федералӣ оид ба Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷии Австрия Михаэл Линҳарт машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишвар баргузор гардиданд.
Дар машваратҳо табодули назари судманд роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, авлавиятҳои раисии Австрия дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар соли 2017 (САҲА) ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми тарафайн сурат гирифт.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Австрия мусоидат хоҳанд кард, изҳор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






