Мавзеъҳои Рамодӣ аз тасарруфи ДИ озод карда шуданд
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як амалиёти неруҳои ҳарбии Ироқ дар шаҳри Рамодӣ чанд мавзеъ аз тасарруфи ифротгароёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» озод карда шуд.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ин амалиёт дар қисми шимолу ҷануби Рамодӣ гузаронида шуда, дар он қариб 2 ҳазор низомӣ иштирок доштанд.
Дар амалиёт зарбаҳои неруҳои эътилоф таҳти роҳбарии ИМА ба муҳорибаи низомиёни Ироқ мусоидат намуданд. Дар натиҷа 14 ҷангии гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» маҳв карда шуда, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Рамодӣ чанде қабл аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ғасб гардида буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






