Медали нуқраи Комроншоҳи Устопириён дар Гран-прии Тошканд

Октябрь 5, 2015 02:38

Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд медали нуқра ба даст овард. Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, 3 октябр дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд (Judo Grand-Prix Tashkent 2015) соҳиби медали нуқра гардид. Вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Темур Болат (Қазоқистон) ғолиб омад. Баъдан Патрик Сиечомскии лаҳистониро шикаст дода, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Комроншоҳ дар нимфинал бар Шералӣ Ҷӯраев (Ӯзбекистон) пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Марк Одентҳал (Олмон) мағлуб гашт ва барои ҷойи дувум бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар вазни зери 90 кило 26 гӯштингир қувваозмоӣ кард.
Дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо дар Тошканд, ки рӯзҳои 1-3 октябр баргузор шуд,  ҳамагӣ  354 гӯштингир (199 мард ва 155 зан) аз 52 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа дар 7 вазн байни мардон (-60,-66,-73,-81,-90,-100,+100 кг) ва дар 7 вазн миёни занон (-48,-52,-57,-63,-70,-78,+78 кг) сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 гӯштингир намояндагӣ кард. Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Авазхон Тӯймуродов (Ӯзбекистон), дар  даврҳои мибаъда аз Евгений Бородавко(Латвия) ва Соиб Қурбонов (Ӯзбекистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.   
Вале ҳафт паҳлавони дигари тоҷик  Хаёмиддин Ҷабборов (60 кг), Умед Абдураҳимов (66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода ва Кароматулло Ҳакимов (ҳарду  73 кг), Фарҳод Раҳимов (81 кг), Аминҷон Ҷалолов (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) — дар нахустин рақобати худ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Ҷопон бо касби 4 медали  тилло ҷойи аввалро соҳибӣ кард. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медали тилло ва як нуқра ҷои дувум ва тими мунтахаби Ӯзбекистон бо касби як медали тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ соҳиби мақоми севум шуданд.
Тоҷикистон бо касби як медали нуқра ва ҷойи ҳафтум дар байни 52 кишвар дар мақоми 15-ум қарор гирифт.

Октябрь 5, 2015 02:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд