«Мо ҳомиёни ин Ватанем»-иқдоми ҷавонон
Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ки қаблан иттилоъ додем, ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар саросари кишвар таҳти унвони «Мо ҳомиёни ин Ватанем» иқдом эълон намуда буд, ки он имрўзҳо дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ бо маром ҷараён дорад.
Мақсади иқдоми мазкур баргузории маҷмӯи чорабиниҳо дар байни ҷавонон бо мақсади тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии онҳо ва эҳтиром ба марзу буми аҷдодӣ мебошад. Ҳамзамон чорабиниҳои дар доираи ин иқдом баргузоршаванда метавонанд барои муташаккилона гузаштани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон таъсири мусбат расонанд.
Иқдом аз маҷмӯи чорабиниҳои гуногун, амсоли ташкили аёдати волидони сарбозон, боздиди ҷавонон аз қисмҳои ҳарбӣ, намоиши маҳорати ҷангии сарбозон ба ҷавонон ва дигар чорабиниҳо иборат мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






