Модарони фарзандталафдода аз қаҳрамониҳои фарзандонашон ифтихор доранд
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ Ховар ).-Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати 14 оилаи афсарони фавтида- полковник Амакиев Рустам, подполковники милитсия Буриев Дмитрий, майори милитсия Ёров Нусратулло, лейтенанти калони милитсия Саъдуллоев Дилшод, сокинони шаҳри Душанбе, лейтинанти калони милитсия Шарипов Шамшод, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, лейтинанти калони милитсия Пиров Исмоил, лейтинанти калони милитсия Орипов Раҷаб, сокинони ноҳияи Файзобод, майори калони милитсия Каримов Нуъмон, лейтинанти калони милитсия Ҷобиров Алишер, лейтинанти калони милитсия Саидов Музаффар, лейтинанти милитсия Абдухолиқов, сокинони шаҳри Ваҳдат, майори калони милитсия Идиев Алибой, сокини ноҳияи Айнӣ, лейтинанти калони милитсия Ҳасанов Мирмад Шерматхонович, сокини ноҳияи Мӯъминобод ва Муродов Орзу Маҳмадраҳимович, корманди Кумитаи амнияти миллӣ, сокини деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон рафтанд.
Бояд хотиррасон намуд, ки ин фарзандони фарзонаи миллат барои суботу оромии халқи хеш дар ҳодисаҳои 4-16 сентябр барои нест намудани гурӯҳҳои ифротгаро-террористии собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар генерал Назарзода қаҳрамонона ҳалок шудаанд ва қаҳрамонии ин фарзандони фарзона ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад шуд.
Чун «Ҳоҷӣ Ҳалим» аъзои фаъоли ҲНИТ маҳсуб мешуду мутаассифона, аз мусулмон буданаш лофу қоф мезад, имрӯз хуни чандин фарзандони модари тоҷикро резонд.
Ин волидайни фарзандталафдода бо сӯзу аламҳои ҷонсӯзи модарона сухан намуданд. Ҳарчанд ин модарон ҷигарсӯхтаанд, вале боз ифтихор аз он доранд, ки фарзандонашон ҳамчун қаҳрамон, муҳофизони Модар-Ватан баҳри оромиву субот, ҳифзи ҳар як порчаи хоки Тоҷикистон ҷоннисорӣ намудаанд. Онҳо ифтихор аз он доштанд, ки чунин фарзандони далеру шуҷоъро ба дунё овардаанд.
Мо модарон имрӯз ба ғаму дарди волидайни фарзандгумкарда ҳамшарик буда, дарди ҷонсӯзи онҳоро дарди худ меҳисобем. Барои аҳли хонаводаи эшон сабри ҷамил мехоҳем. Бигузор ҷойи он бародарони шаҳидшуда ҷаннат ва хонаи охираташон мунаввар бошад!








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






