Муҳокимаи дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ
Душанбе, 19.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ва президенти Палатаи савдои музофоти Гургони Эрон Рамазон Баҳромӣ зимни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва музофоти Гургони Эрон дар бахши кишоварзиро мавриди муҳокима қарор дода, ба масоили таъмини кишоварзони Тоҷикистон бо технологияю таҷҳизоти муосир барои коркарди пурраи меваю сабзавот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Шариф Саид аз фаъолияти ПСС ҶТ иттилоъ дода, зикр намуд, ки Палатаи савдо ва саноат ниҳоди ҷамъиятӣ буда, соҳибкорону тоҷирони Тоҷикиситонро муттаҳид сохта, барои ҳалли масоили мубрами бахши инфиродӣ, иртиқои рақобатпазирӣ ва афзун намудани неруи содиротии кишоварзони Тоҷикистон корҳои назаррасро анҷом медиҳад.
Шариф Саид изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории дуҷониба имкон медиҳад, барои таъмини амнияти маводи ғизоии кишвар саъю кӯшиш ба харҷ дода шавад. Ӯ изҳор дошт, ки барои расидан ба ин мақсад дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт имкониятҳои хубе вуҷуд доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






