Мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Покистон коҳиш ёфтааст
Душанбе, 28.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон коҳиш ёфта, дар зарфи нӯҳ моҳи соли равон 50 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 15 миллион доллар содирот ва 34,8 миллион доллар воридот мебошад. Ҳол он ки мубодилаи маҳсулот дар соли 2014 байни ду кишвар қариб 90 миллион доллар буд. Манзура Рустамова -муовини раиси Палатаи савдо ва саноати кишвар зимни нишасти матбуотӣ дар остонаи баргузории намоишгоҳи молҳои истеҳсолии Покистон, ки фардо дар «Кохи Борбад»-и пойтахт ифтитоҳ меёбад, доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон ибрози назар кард. Мавсуф гуфт, ки алҳол байни ду кишвар имкониятҳои бештар вуҷуд дошта, истифодаи самараноки онҳо ба таҳкими равобит ва рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар мусоидат менамояд.
Дар ин росто Тариқ Иқбол Сумро- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки сарони ҳар ду кишвар хостори ҳар чи бештар тақвият ёфтани ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ мебошанд. Дипломати покистонӣ роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки таҳкими равобити мутақобилан судманди иқтисодии ду кишвар ибрози назар намуда, баргузории намоишгоҳи молҳои саноатии шаҳри Равалпиндиро дар Душанбе қадами муассир дар таҳкими равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон арзёбӣ кард.
Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ Ҳумоюн Парвиз -президенти Палатаи савдо ва саноати шаҳри Равалпиндӣ доир ба ҳадафҳои баргузории намоишгоҳи молҳои истеҳсолии Покистон дар Душанбе сухан кард. Зикр шуд, ки намоишгоҳи мазкур бо ибтикори палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва шаҳри Равалпиндӣ созмон дода шуда, дар он 25 ширкати покистонӣ маҳсулоти худ, назири газвор, атриёт, пойафзолҳои чармин, либос, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи сохтмон, таҷҳизоти тиббӣ, саноат ва технологияҳои иттилотиро ба намоиш мегузоранд.
Инчунин интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳи молҳои истеҳсолии Покистон дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон баргузор гардида, дар он масоили марбут ба рушди дурнамои равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар матраҳ гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






