Мубориза бар зидди фоҳишаҳо пурзӯр гардонида мешавад
Душанбе,15.10.2015.(АМИТ «Ховар»).- Дар Тоҷикистон мубориза бар зидди фоҳишагарӣ, ки зуҳуроти нангин аст, пурзӯр гардонида мешавад. Дар ин росто 15 октябр Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид намуд. Тибқи ин тағйирот ба моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 2 илова гардида, ҷазоро барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори фоҳишагӣ ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз пешбинӣ менамояд. Яъне, минбаъд фоҳишаҳое, ки ҷарима шудаанду боз ба ин амали нангин даст мезананд, ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда ҷарима гардида, то 15 рӯз ҳабс мешаванд.
Бахтовар Сафаров-вакили Маҷлиси намояндагон зимни шарҳи ин масъала дар назди вакилон гуфт, ки ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба Парлумони кишвар пешниҳод гардидааст. Ҳадафаш пешгирӣ намудани ҳолатҳои нангини ба фоҳишагӣ даст задани занону духтарон бо роҳи пурзӯр намудани ҷавобгарӣ нисбат ба чунин шахсон аст, зеро мувофиқи меъёри амалкунандаи моддаи 130-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсони ба фоҳишагарӣ машғулбуда, ҷазо танҳо дар намуди ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобот таъйин гардида буд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ҷазо ба шахсоне, ки ба фоҳишагарӣ машғуланд, вазнин набуда, барои ислоҳи онҳо мушкил аст. Фоҳишагарӣ ё танфурӯшӣ дар радифи қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир ва силоҳ дар ҷомеаи башарӣ зуҳуроти нангин арзёбӣ гардида, марз надорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






