Мулоқоти Давлаталӣ Саид бо намояндагони БАНР
Душанбе, 13.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрўз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Директори минтақавии Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма ва намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонс мулоқот кард.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз сатҳи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ва бахши хусусӣ табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






