Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

Октябрь 30, 2015 06:38

Душанбе, 30.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот, баробари мавзӯъҳои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, ҳамчунин масъалаҳои  вобаста ба робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти шарокати стратегии Тоҷикистону Русияро таъкид дошта, изҳори бовар намуд, ки ҳамаи масоили рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду шарики стратегӣ ва муттафиқ ҳаллу фасл шуда, робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши мо пайваста таҳкиму густариш меёбанд.

Дар робита ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, хусусан густариши нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, ба масоили вобаста ба татбиқи барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дастгирии техникии нерӯҳои сарҳадии кишвари мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои кории ширкати Газпроми Русия дар Тоҷикистон ва фаъолияти нерӯгоҳи обии Сантӯда-1 ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Ба масоили саҳлу содда намудани шароити ҳуқуқии корӣ ва будубоши муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави Федератсияи Русия таваҷҷуҳи бисёр зоҳир гардид. Аз ҷумла изҳори бовар карда шуд, ки санҷишу тафтиши кирдорҳои кормандони алоҳидаи мақомоти дахлдори Русия, ки боиси марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санк-Петербург гардид, бо риояи талаботи қонун ва мунсифона ҷараён меёбад ва  омилони ин ҳодисаи нангин ҷазои сазовор мегиранд.

“Мо умедворем, ки ин масъала дар доираи қонун ҳал мешавад ва бо ин кӯшишҳои истифодаи ин қазия аз ҷониби баъзе доираҳои манфиатдор барои тезутунд намудани руҳияи гурӯҳҳои маълум, аз ҷумла дар миёни муҳоҷирони корӣ ва зиён расондан ба муносибатҳои дӯстонаи мо барҳам зада мешаванд”, — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Ҳукумати Русия изҳор дошт, ки рафти таҳқиқи ин ҳодисаи нанговар дар зери назорати худи ӯ буда, барои муайян намудани ҳамаи ҷонибҳои ин рӯйдод гурӯҳи махсуси тафтишотӣ созмон ёфтааст.

Дар фароварди суҳбат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасад ва будубоши меҳмонони воломақом дар Тоҷикистон гуворо хоҳад буд.

Октябрь 30, 2015 06:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?