Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николас Ҳейсом
Душанбе, 13.10.2015 (АМИТ “Ховар”).-
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Афғонистон Николас Ҳейсомро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт: “итминони комил дорам, ки бо саъйю талоши муштарак мо метавонем барои таъмини субот, сулҳ ва пешрафт дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат намоем”.
Николас Ҳейсом бо ҷонибдорӣ аз мавқеи устувори Тоҷикистон барои ҳалли вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ба нақш ва саҳми Тоҷикистон барои мусоидат дар таъмини амну субот дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин мусоидати он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ баҳои баланд дода, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ташаббускор барои талошҳои созанда аз номи роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид арзи сипос намуд.
Масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон низ яке аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд. Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кумакҳои молиявӣ, моддӣ ва техникии худро ба Афғонистон, пеш аз ҳама барои эҳёи иқтисодиёти ин кишвар, рушди бахши иҷтимоии он ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ афзун намояд”.
Бо ёдоварӣ аз татбиқи лоиҳаҳои CASA-1000 оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва робитаҳои васеи тиҷоратию транзитӣ бо Афғонистон изҳор гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунад. Ҳамчунин аз ҳамкории босамари сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва омодасозии кадрҳои низомии афғон дар Тоҷикистон бо қаноат ёдоварӣ шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои дигари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла андешидани чораҳои пешгирикунанда аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






