Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочи бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва густариши ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод.
Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо Владимир Путин изҳор дошт: «Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад».
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт, ки «авзои зуд тағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад».
Дар робита ба ин ҳолат, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои саҳл намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия табодули назар карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






