Мулоқоти Нуриддин Саид бо Олга Гаврук
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 20 октябр вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврук бинобар ба итмом расидани фаъолияташ дар кишвари мо мулоқот кард.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо сатҳи баланди робитаҳои дуҷонибаи кишварҳои дӯстро дар самти маориф ва илм таъкид намуданд.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зимни суҳбат иброз дошт, ки дар тӯли фаъолияти сафирии О. Гаврук ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус вусъат ёфта, табодули таҷриба ва тибқи квота фиристодани донишҷўён ба Ҷумҳурии Беларус бамаротиб зиёд гардид. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар кушода шудани факултаҳои муштараки тоҷикӣ-беларусӣ низ натиҷаи фаъолияти пурсамари ҷонибҳо мебошад, таъкид гардид дар суҳбат.
Дар навбати худ сафир ба масъулини соҳа барои дастгирии ҳамаҷонибаи фаъолият дар самти маориф ва илм изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҳамкорӣ дар самти илму маориф аз самтҳои асосӣ ва калидии фаъолияти кории ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






