Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Абдураҳмон Маматалиев
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Абдураҳмон Маматалиев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба рўзномаи кори ҷаласаи навбатӣ, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои обу энергетика, роҳу нақлиёт, тиҷорат, ҳамкории наздисарҳадӣ ва масъалаҳои вобаста ба марзи байнидавлатӣ баррасӣ шуданд.
Тавре ки таъкид гардид, Тоҷикистон ва Қирғизистон вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар минтақа мавқеъ ва назари ягона дошта, ба таври дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ муносибатҳои неку дўстонаро тақвият мебахшанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкории дуҷонибаи фарҳангӣ, хусусан гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули афкор намуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






