Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сергей Наришкин
Душанбе, 06.10.2015,АМИТ «Ховар»).- Имрўз, 6 октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи иштирок дар ҳамоиши байналмилалии «Дурнамои иқтисоди АвруОсиё» дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо раиси Думаи давлатии Федератсия Русия Сергей Наришкин мулоқот намуд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Остона, дар ҷараёни ин мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории дуҷонибаи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон ба сатҳу сифати муносиботи байнипарлумонии ду кишвар баҳои мусбат дода, таъкид кард, ки тайи солҳои охир ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи Давлатии Федератсияи Русия ба марҳилаи нав ворид шуда, рўз аз рўз густариш пайдо мекунанд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки фаъол будани гурўҳҳои дўстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои кишварҳои мо барои тақвияти равобити байнипарлумонии ҷумҳуриҳоямон мусоидат менамояд. «Мо ҳамеша талош менамоем ва алоқаманди он ҳастем, ки ҳамкории байнипарлумонии мамлакатҳои мо боз ҳам таҳким ёбанд»,-гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба шарики стратегӣ будани Тоҷикистону Русия хотирнишон кард, ки Душанбе Маскавро шарики стратегии худ медонад ва ҳамеша ва дар ҳама заминаҳо бо ин кишвар ҳамкорияшро густариш мебахшад. Ҷумҳуриҳои мо аъзои чандин созмонҳои минтақавию байналмилалианд, ки ин шаҳодати яксон будани мавқеъҳои кишварҳои мо дар бисёре аз масоили минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров аз баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуда, изҳор дошт, ки иштироки фаъолонаи Президенти Русия Владимир Путин дар ин чорабинӣ ва мулоқоти самимонаи вай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар гувоҳи он аст, ки Русия ва Тоҷикистон ниёзманди ҳамкорӣ ва ҷонибдорӣ аз мавқеъҳои якдигар ҳастанд.
Раиси Думаи Давлатии Федератсия Русия Сергей Наришкин низ тақвияти ҳамкории дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русияро аз ҳадафҳои фаъолиятҳои Парлумони кишвараш маънидод кард.
Номбурда таъкид намуд, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо гузашти солҳои начандон тўлонӣ тавонист ба як парлумони қавӣ ва аз лиҳози касбият қиёснашаванда табдил гардад. Ҳамкории мо бояд танҳо дар сатҳи мулоқоти алоҳида маҳдуд нашаванд, балки мо бояд бештар ба кишварҳои якдигар сафар намоем ва аз фаъолияти ҳамкасбони худ, чӣ дар Душанбе ва чӣ дар Маскав бештар огаҳӣ пайдо намоем ва табодули таҷрибаро ба роҳ монем.
Ҳар ду ҷониб барои густариши беш аз пеши равобити байнипарлумонӣ изҳори алоқамандӣ карданд.
Зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ҷараён гирифт, ҳамчунин дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва кишоварзиву муҳоҷират изҳори назар карда шуд. Таъкид гардид, ки Русия ҳамоно шарики рақами аввали сармоягузори Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро сармояи мустақими аз ин кишвар воридшуда баробар ба 1,2 миллиард доллари амрикоӣ аст. Ин адад қариб ба нисфи ҳамаи сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон баробар мебошад.
Соли 2014 гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар муқоиса ба соли 2013 ба андозаи 38% афзудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






