Мулоқоти судманд бо сарҳадчиён
Душанбе, 27.10.2015 (АМИТ “Ховар”).- 26 октябри соли 2015 аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар шаҳри Хоруғ бо афсарон дар мавзӯи «Қочоқи маводи мухаддир ва прекурсорҳои онҳо” семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.
Дар семинари омӯзишӣ намояндагони агентӣ оид ба таҳияи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”сухан гуфтанд. Баъдан ба сарҳадчиён оид ба қочоқи маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ филми таълимӣ намоиш дода шуд.
Тибқи нақшаи алоҳидаи Раёсати агентӣ дар ВМКБ гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии СҚС КДАМ ҶТ дар ВМКБ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






