Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Словакия
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 октябри соли 2015 дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷии Словакия Мирослав Лайчак мулоқот доир намуд.
Вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Словакияро баррасӣ карда, зарурати вусъат додани муколамаи сиёсӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи формати Тоҷикистон-Иттиҳоди Аврупоро таъкид намуданд.
Зимни вохӯрӣ вазири корҳои хориҷии Словакия оид ба қарори Ҳукумати Словакия барои расонидани кумак ба Ҳукумати Тоҷикистон дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиие, ки дар Тоҷикистон рух додаанд, С.Асловро огоҳ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






