Мушкилиҳои таъминоти барқ бартараф мешаванд
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон», ки аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» амалӣ шуда истодааст, хатҳои интиқоли барқ дар деҳаи Ҳанатароши ҷамоати деҳоти Деҳи баланди ноҳияи Муъминобод иваз гардида, зеристгоҳҳои нав васл шуданд.
Тавре ки намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров хабар дод, аҳолии деҳа, ки 1 ҳазору 661 нафарро ташкил медиҳад ва аз сабаби он ки хатҳои интиқоли барқ дар солҳои 70-уми асри гузашта сохта шуда, фарсудаю корношоям гардидаанд, мушкилиҳои зиёд мекашиданд. Инчунин бо зиёд гардидани хонаводаҳо ва шумораи аҳолӣ иқтидори зеристгоҳу ноқилҳо барои таъмини хушсифати шиддати барқ басанда набуд. Ҳамаи ин мушкилиҳоро ба инобат гирифта, аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо назардошти дархости худи аҳолӣ дар масофаи 18 км ноқилҳо ва симчӯбҳо иваз карда шуда, зеристгоҳи пуриқтидор, ки барои таъмини сарбории қувваи барқ басанда аст, васл карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки дар деҳаҳои Сино, Себдара, Деҳдарозаки ноҳияи Шӯрообод низ чунин мушкилиҳо мавҷуд буданд ва бо дасггирии Лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» хатҳои интиқоли барқ иваз гардида, зеристгоҳи нав васл карда шуд. Симчӯбҳои фарсуда ва ба садама гирифторшуда бо пояҳои мустаҳками бетонӣ иваз карда шуданд. Дар ин деҳаҳаҳо дар маҷмӯъ 10 км хати барқ ва симчӯбҳо иваз гардиданд. Дар деҳаҳои Ново, Оҳангарон ва Яхшор аҳолӣ умуман барқ надошт ва бо дастгирии лоиҳа алҳол корҳои сохтмонӣ барои бунёди хатҳои интиқоли барқ, таъмини аҳолии ин деҳаҳо бо қувваи барқ ва пайваст шудан ба шабакаи ягонаи барқ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.
Мавриди зикр аст, ки чунин дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷудаи деҳот имконият фароҳам меоранд, ки дар маҳалҳо корхонаҳои хурди коркарди маҳсулот ифтитоҳ гарданд ва онҳо бо қувваи барқ мунтазам таъмин бошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






