Мусобиқаи картингронӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ Ховар, )-10 октябр дар картодроми «Формула-К»- и Ташкилоти мададгори мудофиаи ҶТ дар шаҳри Хуҷанд чемпионати ҶТ оид ба картингронӣ баргузор мегардад. Дар он варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Қурғонтеппа, Ёвон, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара, Истиқлол ва ноҳияи Б. Ғафуров ширкат мекунанд.
Варзишгарон аз рӯи навъҳои юниор, С-2, миллӣ, пионер ва минӣ байни худ сабқат мекунанд. Бо ин мақсад ташкилкунандагони мусобиқа картингҳои замонавии истеҳсоли Швейтсария ва Итолиёро дастрас намуда, ба ихтиёри варзишгарон гузоштаанд.
Мусобиқа дар доираи барномаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалии варзишӣ байни наврасону ҷавонони синни то даъватӣ ва даъватии ҶТ барои солҳои 2012-2015 гузаронида мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






