Мусодираи қариб 3 кг. ҳашиш дар як рӯз
Душанбе, 01.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-30 сентябри соли равон кормандони милитсия зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ду сокини шаҳри Душанбе, марди 27 ва 33-соларо ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 1 килою 400 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, зимни як чорабинии дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 37-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дастгир гардид. Аз гумонбаршуда 1 килою 002 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамин тариқ, кормандони фаврии мақомот ҳангоми кофтукови шахсӣ аз марди 28-солаи сокини шаҳри Кӯлоб 493 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира намуданд.
Дар маҷмӯъ маводи нашъадори мусодирагардида 2 килою 895 граммро ташкил медиҳад. Нисбат ба дастгиршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






