Мусодираи қариб 3 кило бангдона аз ҷавони 21-сола
Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия дар вилояти Суғд ҷавони 21- соларо бо гумони ғайриқонунӣ гардиш додани маводи мухаддир дастгир карданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар, кормандони милитсияи вилоят рӯзи 12-уми октябри соли равон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд сокини 21-солаи ноҳияи Ҷ. Расуловро, ки пеш бо моддаҳои 245 қисми 2 ва 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир гардид. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 2 килою 711 грамм маводи нашъадори бангдона дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






