Мусодираи беш аз 70 килограмм маводи мухаддир
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҷараёни амалиёти фаврӣ дар канори шаҳри Душанбе 7 халтаи дорои 73 брикет (тахтаи хокаи фушурдашуда) — ро пайдо намуданд. Мувофиқи хулосаи шуъбаи таҷзияи судии Агентии назорати маводи нашъаовар, хокаи зикршуда иборат аз 71 килограмму 656 грамм ҳашиш будааст.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки моҳи августи соли равон шаҳрванди Афғонистон бо мақсади ба таври пинҳонӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон овардани маводи мухаддир бо се сокини Тоҷикистон забон як кардааст.
Шаҳрванди зикршудаи Афғонистон дар нимаи моҳи сентябр миқдори зиёди маводи мухаддирро ба ноҳияи Ҳамадонӣ оварда, онро ба шаҳрванди Тоҷикистон супурдааст.
Баъди дидани чораҳои зарурӣ ду шаҳрванди ҶТ дастгир шуда, барои боздошти аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор чораҳои зарурӣ дида мешаванд.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






