Мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба Конвенсияи Гаага
Душанбе,09.10.2015.(АМИТ«Ховар»).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 9 октябр ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо намуд.
Парвиз Давлатзода -муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ зимни суханронӣ дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйирот ба қонунҳои мазкур мутобиқ намудани қонунгузории миллии кишвар ба талаботи Конвенсияи Гаага дар бораи бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки 5 октябри соли 1961 қабул гардидааст, ба шумор меравад.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябри соли 2014 Конвенсияи Гаагаро ба тасвиб расонида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






